Вохӯрии ҳайати Гурӯҳи кории Тоҷикистон бо ҳамтоёни қазоқистонӣ дар шаҳри Алмаато
Опубликовано Ср, 07/12/2023 - 14:101-уми июли соли 2023 вохӯрии ҳайати Гурӯҳи кории Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Амоннулло Салимзода бо Муовини Ҳокими шаҳри Алмаато Кирикбаев Арман Оразбоевич баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи баргузор намудани намоиш-ярмаркаи молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро дар шаҳри Алмаато дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон матраҳ намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ анҷом ёфт.
_______________________________










