Намоишгоҳи мухандисӣ ва тандурустӣ дар Лоҳури Покистон
Опубликовано Пт, 03/04/2022 - 09:29Аз санаи 25 то 27 феврали соли ҷорӣ дар Лоҳури Покистон Намоишгоҳи мухандисӣ ва тандурустӣ баргузор гардид. Бо дастгирии Сафорати Покистон дар Тоҷикистон директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзиданд. Дар намоишгоҳи мазкур директории кулли Палата бо якчанд Палатаҳои савдо ва саноати Покистон вохўрии корӣ доир намуд. Дар вохўрӣ, оиди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ширкату соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Покистон ибрози ақида намуданд.
“Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул-2022”
Опубликовано Пт, 03/04/2022 - 09:28Рӯзҳои 24-26 феврали соли 2022 дар маҷмааи намоишгоҳи “Tuyap”-и шаҳри Истанбул “Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул-2022” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур дар гӯшаи Тоҷикистон маҳсулоти чор корхонаи кишвар, аз ҷумла, «Ваҳдат Текстил», «Ресандаи Хатлон», «Стандарт Текстил» ва «ХИМА Текстил» ба намоиш гузошта шуданд.
--------------------------------------------------------------------------
24-26 şubat 2022 tarihlerinde Tüyap Fuar ve Kongre Merkezi’nde Uluslararası İstanbul İplik fuarı gerçekleşti.
Вохурии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар бо роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Опубликовано Пт, 03/04/2022 - 09:27Рӯзи 2 март, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар бо роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Морабито Висент дидору мулоқот анҷом доданд.
Баррасии ҷузъиёти лоиҳаи нави ЮСАИД оид ба масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ мавзӯи меҳварии мулоқоти мазкур буд.
Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон
Опубликовано Вт, 03/01/2022 - 15:27Санаи 26 феврал то 1 марти соли 2022 дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи тахассусии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардида истодааст.
Дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳи тахассусии Ҷумҳурии Исломии Эрон, санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи миллӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон доир гардид. Кори Бизнес-форумро муовини раиси ПСС ҶТ Рустамова М.А. оғоз намуда, оиди ҳадафҳои асосии форуми мазкур харф зад. Инчунин дар чорабини Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, мавзуи фазои сармоягузорӣ ду кишвари бо хам дуст суханрони намуд.
МУЛОҚОТИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН
Опубликовано Пн, 02/28/2022 - 16:22Санаи 24 феврали соли 2022, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҷаноби Озан Севимлӣ вохўрӣ доир намуданд.
Қабл аз оғози муколама, Ҷумъахонзода Ҷамшед аз дастгириҳои доимии Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати амалӣ гардонии як қатор лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, доир ба фаъолият ва нақшаҳои Палата ҷиҳати дастгирии бахши хусусии кишвар ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба мамлакат, маълумотҳои мухтассар пешниҳод намуд.
Мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко
Опубликовано Пн, 02/28/2022 - 14:1325 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак!
Опубликовано Ср, 02/23/2022 - 13:41Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон табрику таҳният мегӯяд. Иди Артиши миллӣ, иди далериву мардонагӣ, иди муҳофизони шуҷои Ватан мебошад. Яқин аст, ки ҳар яки Шумо ватандӯстони аслӣ ҳастед ва дар ободиву дифои Ватани азизамон ҳиссаи бузург доред. Рӯзи далерони ҳақиқие, ки мақоми волои шуҷоатмандиро дарк кардаанд табрик мегӯем!
Дар толори тарабхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Бохтар мизи мудаввар дар мавзўи «Нақши Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва хориҷӣ»
Опубликовано Вт, 02/22/2022 - 10:02Рўзи 18-уми феврал дар толори тарабхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Бохтар мизи мудаввар дар мавзўи «Нақши Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва хориҷӣ», инчунин оиди натиҷаҳои ҳамкориҳо дар соли 2021-ум бо аъзоёни Палата, соҳибкорони муваффақи вилоят ва шарикони рушд доир намудем.
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Опубликовано Вт, 02/22/2022 - 08:59Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли ифтихор ва самимияти беандоза тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мафомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолӣ буда, неру, қудрату тавоноии он ба як ниҳоди пуриқтидори муосири замонавӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз пурра ҳимояи марзу буми меҳани аждодиро ба дӯши худ гирифтааст.











