Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “Экспо Давҳа 2023” иштирок мекунад

Рӯзи 25 июни соли 2023 раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо муовини Комиссари кулли Намоишгоҳи байналмилалии “Экспо Давҳа 2023” хонум Тамозир Муҳаммад ал-Мулло мулоқот намуд. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ҳузур дошт.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои марбут ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур, ки аз 2 октябри соли 2023 то 28 марти соли 2024 дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба мақсади таъмини иштироки бахши хусусӣ, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва фароҳам сохтани шароиту зарфиятҳои мусоид барои ҳузури онҳо ва инчунин муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва танзими чорабиниҳои фарҳангию таблиғотӣ дар ҳошияи ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ Қарордоди ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳи байналмилалии “Экспо Давҳа 2023” ба имзо расид.