Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ТИҶОРАТИИ ВИЛОЯТИ КУРГАНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23–юми ноябри соли 2022 ҳайати тиҷоратии шаҳри Кургани Федератсияи Россия таҳти сарварии Президенти Иттифоқи Палатаи савдо ва саноати шаҳри Кургани Федератсияи Россия, ҷаноби Назаренко И. В. ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Зимни ташриф меҳмонон бо Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов мулоқот намуда, доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Палатаҳои ду ҷониб ибрози ақида зоҳир намуданд.

Аз ҷониби роҳбарияти Палата ба меҳмонон оид ба вазъи иқтисодии кишвар, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили намоишгоҳҳои тахассусӣ ва универсалӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани маҳсулотҳои ватанӣ дар шаҳри Кургани Федератсияи Россия маълумотҳо пешниҳод намуд.

Дар вохўрӣ инчунин Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Расулзода Ф., намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Латифӣ иштирок намуда, доир ба иқтидори содиротии вилояти Хатлон ва инчунин имкониятҳо дар самти рушди сайёҳии кишвар маълумотҳо пешниҳод намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфта, ҷонибҳо доир ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону шаҳри Кургани Федератсияи Россия дар чаҳорчӯби бахши тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.