Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон, ифтитоҳи бинои иловагии мактаб ва санги асоси муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Қубодиён 01.11.2022
Опубликовано Чт, 11/10/2022 - 11:311 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуданд.