Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

МУЛОҚОТИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН

Санаи 24 феврали соли 2022, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҷаноби Озан Севимлӣ вохўрӣ доир намуданд.

Қабл аз оғози муколама, Ҷумъахонзода Ҷамшед аз дастгириҳои доимии Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати амалӣ гардонии як қатор лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, доир ба фаъолият ва нақшаҳои Палата ҷиҳати дастгирии бахши хусусии кишвар ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба мамлакат, маълумотҳои мухтассар пешниҳод намуд.

Ҷаноби Озан Севимлӣ аз фаъолияти Палата дар самти дастгирии бахши хусусии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки рушди бахши хусусӣ дар ҳама кишварҳои пешрафта дар мадди аввал қарор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хушбахтона ба ин самт аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон сол ба сол шароитҳои нав фароҳам гардида истодааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда дар самти мусоидат намудан ба рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, изҳор намуданд.