Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара
Опубликовано Пн, 08/30/2021 - 10:1628 август дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Себистон нахуст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти инкубатори корхона оғоз бахшиданд.