Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ҶАЙҲУН: МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ОҒОЗ ГАРДИД

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияҳои Ҷайҳун ва Дӯстӣ сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун раиси вилоят бо масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва чинакчиён дар хоҷагии ёрирасони корхонаи пахтатозакунии “Дӯстӣ” ба маъракаи ҷамъоварии пахта расман оғоз бахшиданд. Майдонии умумии хоҷагӣ 21 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он дар масоҳати 17 гектар пахтаи навъи “Қанд” кишт шуда, ба андешаи кишоварзон ҳосили хуб ба бор овардааст. Вобаста ба ҷамъоварии ин маҳсулоти саноатӣ таъкид рафт, ки ҳосил беталаф ғунучин шавад ва барои расидан ба ин мақсад бояд деҳқонон ҳавасманд гарданд.

 

Соҳаи кишоварзии ноҳия Ҷайҳун гуногунсамт буда, имсол дар масоҳати 6 ҳазору 840 гектар замин навъҳои гуногуни пахта кишт намудаанд. Барои парвариши пахта заминаҳои техникӣ ва қувваи корӣ муҳайё аст.

Дар хоҷагии ёрирасони “Дӯстӣ” ба ғайр аз пахта дар масоҳати 50 сотих ҷуворимакка кишт гардидааст. Ҳамзамон дар 2,5 гектар сабзӣ коридаанд, ки нашъунамои хуб дошта, аз ҳама муҳим давра ба давра ба ҳосил меояд, ки ин тадбир дар муътадил нигоҳ доштани нархи он мусоидат мекунад.

Раиси вилоят ба кишоварзон маслиҳату дастур доданд, ки бо роҳи захира намудани сабзӣ дар сардхонаҳо аз қиматшавии ин маҳсулоти ниёзи аввал ҷилавгирӣ кунанд ва инчунин онро бо нархи барои деҳқон фоидаовар ба фурӯш гузоранд.

 

Ҳамзамон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар намоиш ва маросими супурдани трактор ва механизму мошинолоти соҳаи кишоварзӣ ширкат намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии Маркази Идораи Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” дар доираи Лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” ба кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун 2 адад экскватори тасмачарх бо дарозии тири 14 ва 7 метр, 48 трактор ва 66 мошинолот аз қабили ядак, испор, алафтойбандак, сихмола, дорупошакҳои дастии муҳаррикдор, молаи чархӣ, алафдаравҳо ва дигар таҷҳизот дастрас карда шуд.

 

Дар маросими супурдани калиди техникаҳои соҳаи кишоварзӣ ба ронандагон таъкид гардид, ки чунин дастгириҳо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад ва ҳар нафар бояд бо василаҳои техникии дастрасшуда муносибати ғамхорона намояд. Акнун имкон бештар шуд, ки ба воситаи экскваторҳои наву замонавӣ ҷӯю заҳкашҳо саривақт тоза гардад, ки ин ҳосилнокии маҳсулоти соҳаи кишовразиро зиёд карда, ба ин васила сатҳи зиндагии деҳқонон беҳтар гардонида мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ минбаъд низ кишоварзонро дастгирӣ хоҳад кард.

 

Раиси вилояти Хатлон ва ҳайати меҳмонони расмӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ба рафти пахтақабулкунӣ дар корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Дӯстӣ” ки дар доираи “Корвони сурх” амалӣ шуд, шинос гардид. Имрӯз бо истифода аз боду ҳавои мусоид пахтаи дар саҳро шукуфта аз ҷониби деҳқонон саривақт ҷамъоварӣ гардида, аввалин тоннаҳои ин ашёи хоми саноатӣ барои коркард вориди корхонаҳо гардид. Аз рафти пахтасупорӣ маълум шуд, ки дар ҳама ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба ҷамъоварии пахта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, кишоварзон кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти бо ранҷ парвардаи худро беталаф чида, то ба хирман расонанд. Вобаста ба маъракаи ғунучин ва супурдани пахта таъкид гардид, ки ба қоидаҳои бехтарӣ, пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии чинакчиён ва дигар кормандони соҳаи кишовразӣ диққати зарурӣ дода шавад.