Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ВОХУРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Санаи 9-уми августи соли 2021, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед дар толори Палата бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар, вохўрӣ намуданд.

Дар рафти вохурӣ, Ҷонибҳо вобаста ба сафари дарпешистодаи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Имрон Хон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назар аст сафари мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат гирад, гуфтугу намуда, ҳамзамон масъалаҳои баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шўрои муштараки кории Тоҷикистону Покистон ва ташкили Бизнес-форум миёни соҳибкорони ҳарду кишвар дар доираи сафари зикргардида, мавриди баррасии Ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Инчунин, зимни вохурии мазкур, Ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати мусоидат намудан дар рушд ва зич намудани иртиботҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои якдигар ва иштироки фаъолонаи ширкату корхонаҳои ҳарду ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави кишварҳои якдигар баргузоршаванда, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.