Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба номзади арзанда овоз доданд
Опубликовано Пн, 10/12/2020 - 14:03Сокинони вилояти Хатлон аз субҳи имрӯз, 11 октябр, фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба ҷонибдории номзади худ овоз медиҳанд.
Субҳи имрӯз, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар участкаи интихоботии №5-и ҳавзаи интихоботии Бохтар-44 ба овоздиҳӣ омад.
Дар ин қитъаи овоздиҳӣ 1980 нафар интихобкунанда, аз ҷумла 12 ҷавоне, ки бори аввал овоз медиҳанд ва 12 нафар солмандони аз 70-сола боло ба қайд гирифта шудаанд.