БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ПАЛАТАИ САВДОИ ГАЗИАНТЕПИ ТУРКИЯ
Опубликовано Чт, 09/15/2022 - 16:51Дар доираи сафари кории ҳайати кории вилояти Хатлон дар Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Газиантеп вохӯрии раиси вилояти Хатлон ва гурӯҳи соҳибкорони тоҷик бо роҳбарияти Палатаи савдои ин шаҳр доир гардид.
Ноиби президенти Палатаи савдои шаҳри Газиантеп хонум Эмине Ферҳан Сағим ҳайати вилояти Хатлонро хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия феълан фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст.










