Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Опубликовано Вт, 02/22/2022 - 08:59Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли ифтихор ва самимияти беандоза тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мафомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолӣ буда, неру, қудрату тавоноии он ба як ниҳоди пуриқтидори муосири замонавӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз пурра ҳимояи марзу буми меҳани аждодиро ба дӯши худ гирифтааст.











