Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бохтар 02.11.2022
Опубликовано Чт, 11/10/2022 - 11:382 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва панҷсолаи рушди саноат бунёд гардидааст.










