ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ СИРОЯТИИ ДАНҒАРА
Опубликовано Вт, 06/30/2020 - 15:36Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи, 27 июн, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи касалиҳои сироятии ноҳияи Данғара дидан намуд.
Зикр гардид, ки сохтмони бинои беморхона соли 2016 оғоз гардида, масъулияти пешбурди умури сохтмониро дар иншооти мазкур ҶДММ “Хизматрасон” ба уҳда дорад.
Бинои мазкур барои 200 кат пешбинӣ шуда, аз 5 ошёна иборат аст. Барои вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншоот шароити мусоид фароҳам оварда шуда, масолеҳи сохтмонӣ басанда мебошад.


