БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БОҒОТИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Опубликовано Чт, 04/09/2020 - 10:077 апрел, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сафар кард.
Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Данғара аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда дидан намуданд.
Дар ноҳияи Данғара Сарвазири мамлакат ва Раиси вилояти Хатлон аз боғи навбунёди хоҷагии деҳқонии «Хуросон» ва корхонаи мевахушккунӣ дидан намуданд.








