Боздиди раиси вилояти Хатлон аз хоҷагии ёрирасони КВД Агентии таъминоти махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Опубликовано Ср, 08/12/2020 - 10:25Зимни боздиди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз хоҷагии ёрирасони КВД Агентии таъминоти махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки ин хоҷагӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант 180 га замин, аз он ҷумла 140 га замини обӣ дорад.
Раиси вилоят аз ҷамъоварии ҳосили пиёз дар хоҷагии мазкур дидан намуда, бо деҳқонон доир ба аҳамияти истифодаи самарабахши замин суҳбат орост.








