
Рузи 7-уми декабри соли равон Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати вилоят ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар ҳошияи Фестивал - озмуни «Сад ранги чакан» намоишгоҳро бо иштироки 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар саҳнаи театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар баргузор намуданд.