Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Паскаль Лоро: “Чунин мукофоти олӣ “Доди Худо” мебошад”

Ҷамъияте, ки инсонҳо зиндагӣ мекунанд бо мурури замон доим тағйир меёбад. Таърих илмест, ки ҷомеаи инсониро дар муқоиса бо табиатмеомӯзад.

Бисёр аз рушанфикрон ва олимон дар фикр ҳастанд, ки оё таърих худ ба худ пеш меравад? Ё ягон формула, қонуни табиӣ мавҷуд аст, китаърих ё рушди ҷомеаро нафароне ҳастанд, ки пеш мебаранд. Аз ин хотир ман як мисол меорам.

Яке аз шахсиятҳои таърихӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид мебошад, ки дар ҳақиқат таҳти сарварии иншахс Палата ба комёбиҳои беназир, хотирмон, таърихӣ, дунявӣ ноил гаштааст.

Палата аз як ташкилоте, ки фаъолияти он дар ҷомеа назаррас набуд, имрӯз он ҳамчун ташкилоти бонуфӯз дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣшудааст.

Дигар дастоварди таърихии Палати савдо ва саноат ин сазовор гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи “ЭКСПО-2017” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҷойи якум ва “Ҷоизаи тиллоӣ”, ки вобаста ба ин Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссари генералии экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳ таъйин гардидабуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати заҳматҳои ватандӯстона, истифодаи оқилонаи таҷрибаи бойи касбӣ, истеъдоди баланд, зеҳни расо, ҳисси миллӣ ва роҳбарии Шариф Саид, Тоҷикистон дар байни 115 мамлакат ва 22 ташкилоти байналхалқӣ ба ин ғалаба мушарраф гардид ва он дар таърихи соҳа аввалин маротиба ба шумор меравад.

Ман ин суханҳоро барои он ёдовар шудам, ки баъд аз ба мукофот ноил гардидани Тоҷикистон, дар ин чорабинии байналмилалӣ аз ҷумлаКомиссари генералии Фаронса, доктори илмхои сиеси ва иктисодӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи “ЭКСПО-2017”, Паскаль Лоро аз муваффақиятҳои Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, мардуми Тоҷикистон,

Сарвари давлат ва Комиссари генералииНамоишгоҳро табрик намуда, қайд намуд, ки чунин мукофоти олӣ “Доди Худо” мебошад.

 

Сангов Одил,

Муовини Раиси ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон