Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муҳосири иқтисодӣ»

Рӯзҳои 14 - 15 октябри соли ҷорӣ директори кулли Палата дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муҳосири иқтисодӣ» ва намоишгоҳ, ки дар ҳошияи форуми мазкур дар МД «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид иштирок намуд.

Дар намоишгоҳ 50 ширкату соҳибкорони ҷумҳурӣ, ки 6 ададашон аз вилояти Хатлон (ҶДММ Хуаксин Ғаюр Семент, ҶДММ «ШБИ Моҳир Семент», ҶДММ «Муаллими Файзалӣ» аз н.Ёвон, ҶДММ «Шаҳноза»-и н.Ҷайҳун, ҶДММ «Шифочой»-и н.Мӯъминобод ва ҶДММ «Майрамбибӣ»-и ш.Бохтар) буданд ширкат намуда, молу маҳсулотҳои истеҳсолкардаи худро пешкаши иштирокчиёни Форум ва меҳмонони ба Тоҷикистон ташриф оварда намуданд. Баъди ба анҷом расидани Форум чорабиниҳои минбаъдаи Форум дар бинои китобхонаи миллии Тоҷикистон идома ёфт.

khuaksin2.jpgДар ҳошияи чорабиниҳои Форум намояндагони ҷамъиятҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалие, ки аз хориҷи кишвар дар Форум иштирок доштанд вохӯриҳо доир намуда, дар натиҷа бо раиси вилоятии ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди Тоҷикистониён»-и вилояти Омск-и Федератсия Россия Салимов И.Н., оиди ҳамкориҳо Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ба имзо расониданд.