Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ГАРМХОНАҲО БАРОИ ПАРВАРИШИ САБЗАВОТӢ БАРВАҚТӢ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз ҷараёни корҳои сохтмонии гармонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ боздид ба амал оварданд. Дар ин самт кори хуби бунёдкунандагони гармхонаҳои мавсимии хоҷагии деҳқонии Истиқлол таҳти роҳбарии Гулмурод Маҳмадуллоев намунаи ибрат арзёбӣ гардид. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Истиқлол азми комил доранд, ки 38 гармхонаи замонавӣ бунёд карда, истеҳсоли сабзавоти барвақти аз ҷумла помидор, бодиринг, қаламфури ширин, тезак, сирпиёзро ба роҳ монанд, зеро “парвариши сабзавоти барвақтӣ ба беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва арзонии нархи бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд”. Дар хоҷагии деҳқонии Истиқлол бошад аллакай ҳашт гармхона бунёд гардида, бунёди дигар гармхонаҳо бомаром идома дорад. Дар гармхонаҳои бунёдёфта бошад парвариши помидор, бодиринг, сирпиёзро ба роҳ мондаанд. Худи саҳмдорон дар гармхонаи алоҳида ҳазорҳо бех кучат омода карда, имрӯз кучатҳоро ба гармхонаҳо гузаронида истодаанд. Иқдоми хоҷагидорон аз ҷониби Сарвазири мамлакат самимона пазируфта шуд ва дастур гирифтанд, ки фаъолияти хоҷагидориро дар гармхонаҳо боз ҳам васеъ намоянд.