Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар намоишгоҳи байналмиллалии “ПродЭкспо-2022” дар шаҳри Москва

Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон бармеоянд ва яке аз масъалаи асосие, ки зикр намуданд ин пеш аз ҳамма таъмин намудани иштироки ширкатҳои ватанӣ дар корӣ намоишгоҳҳои хориҷӣ ҷиҳати муаррифӣ намудани молу маҳсулотҳои ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёфт.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супориши Пешвои миллат, барои иштироки ширкатҳои ватанӣ, аъзоёни Палатаи савдо ва саноат дар 29-умин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо — «ПродЭкспо-2022», ки санаи 7 феврал дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия оғоз гардид, мусоидат намуда барои намоиши маҳсулоти ҶСП “Машруботи Суғд” ғурфаи намоиши ташкил намуд.

Дар ин намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки ба коркард ва истеҳсолӣ меваҳои хушк, сабзавот, машруботи спиртӣ ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, дастранҷи худро муаррифӣ намуда истодаанд, ки ҳадафи он муаррифии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бастани шартномаҳо барои содирот ва воридоти технологияи муосир барои коркарди маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат мебошад.

29-умин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо — «ПродЭкспо-2022» то санаи 11 феврал давом дорад.