Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Форуми- тиҷоратӣ байни вилоятҳои Хатлон ва Самарқанд

Рўзи 29 сентяри соли ҷорӣ Форуми- тиҷоратӣ байни вилоятҳои Хатлон ва Самарқанд ва вохўрии В2В соҳибкорони вилоятҳои мазкур дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид.

Аз тарафи Палатаи вилоят ва Ассотсиатсия соҳибкорони Хатлон муаррифномаи имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят пешниҳоди меҳмонон ва иштирокчиёни форум гардонида шуд.

Муовини сардори ПСС-и вилояти Самарқанд Дадабоев В.А., оиди ҳамкориҳо бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ибрози ақида намуда, дар бораи дастовардҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии вилояти Самарқанд , фаъолияти аъзоёни палата ва соҳибкоронашон маълумотҳо пешниҳод намуданд.

Дар чорабини 25 ширкату корхонаҳои вилояти Самарқанд ва зиёда аз 40 роқбарону намояндагони корхонаҳо ва соҳибкорони вилояти Хатлон, ки дар самтҳои кишоварзӣ, коркадри маҳсулотҳои кишоварзӣ, ширӣ, бофандагӣ, фармавсевтӣ, саноати сабук, мебелсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хўрокворӣ, техникаи маишӣ, соҳаи саёҳӣ фаъолият мекунанд ширкат варзиданд.

Дар вохўрии мазкур соҳибкорони вилоятҳо оиди кор ва фаъолияти худ маълумотҳо пешниҳод намуда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар самтҳои дар болозикршуда гуфтугўҳои хосу судманд ба анҷом расониданд.

Баъди баргузории вохўриҳои В2В аз ҷониби соҳибкорони вилоятҳо 12 ёддоштҳои тафоҳум бо мақсади оғоз ва рушди ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд.

Дар рафти кори Форуми тиҷоратӣ ва вохўриҳо директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилоят Расулзода Ф, муовини сардори ПСС-и вилояти Самарқанд Дадабоев В.А., муовини Лоиҳаи ЮСАИД «Оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон" Н.Нарзуллоев ва роҳбари Асотсиатсияи соҳтибкорони Хатлон З.Ализода иштирок ва баромад намуданд.

Дар рўзҳои сафар соҳибкорони вилояти Самарқандро, роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ҳамроҳи намуданд.

Вохӯрию мулоқотҳо ва чорабиниҳои баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардида, ҳайати меҳмонон бо таассуроти қаноатмандӣ ба шаҳри Самарқанд баргаштанд.