Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Намоишгохи байналмилалии «UzFood-2021»

Дар хошияи кори намоишгох директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Сайфидинов Ф.А. бо ташкилкунандагони Намоишгохи байналмилалии «UzFood-2021», директори лоихаи «ITECA» Анна Перелыгина, рохбари лоихахо оид ба гигиенаи истехсолот ва коркарди аввалияи гӯшт Нигматулин Рустам, директори генералии Ширкати “Multivac”Мирзахид Мирзаитдинов, менечери  ширкати “Engineering” Вани Ахтемов, рохбари ширкати «OZ STAR» Гокхан Миндиванли ва рохбари ширкати «Unitec» Георги Чхартишвили вохўрихо доир намуда, оиди рушди хамкорихо байни сохибкорони вилояти Хатлон ва ширкатхои мазкур ибрози аќида намуданд.    

Рўзи 1 май директори кулли Палатаи вилоят ва хайати сохибкорони мо дар дафтари кории Палатаи минтакавии савдо ва саноати вилояти Тошканд бо рохбарият ва сохибкорони вилояти Тошканд вохўрии кори доир намуданд. Дар вохўри директори кулли Палатаи вилояти Хатлон дар бораи имкониятхои иќтисодию  сармоягузории вилояти Хатлон ва фаъолияти имрўзаи Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон маълумот пешниход намуданд.

Аъзоёни Палата ва сохибкорони вилояти мо хам, ба иттилои  сохибкорони чониби Ўзбекистон, ки дар вохўри иштирок доштанд,   оиди кор ва фаъолияти худ муаррифномахо пешниход намуданд.

Дар натичаи вохўрии доир гардонидаи директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо рохбарияти Палатаи минтакавии савдо ва саноати вилояти Тошканд, бо маќсади мусоидати бештар дар рушди хамкорихои тичоратию иктисодии ширкату сохибкорни вилояти Хатлони Чумхурии Точикистон ва вилояти Тошканди Чумхурии Ўзбекистон байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Палатаи минтаќавии савдо ва саноати вилояти Тошканд, ёддошти тафохум ба имзо расонида шуд.

Сипас хайати сохибкорони мо, аз ширкати «BEST TASTES TECHNOLOGY» тамгаи тичоратии «UZKAND», ки яке аз ширкатхои калонтарини коркарди  меваи тару тоза, истехсоли мевахои хушки табии бо сифат, мураббо ва махсулотхои консервакунонидашуда дар Чумхурии Ўзбекистон шуморида мешавад, дидан намуданд. Рохбари ширкат Икромов Р.М., моро бо таърих ва фаъолияти корхонаи мазкур шиносониданд.

Баъди нимаи дуюми руз хайати мо бо кор ва фаъолияти ЧДММ «PROMEAT», ки бо коркарди гўшт ва истехсоли намудхои гуногуни хасибхои бо сифат дар Чумхурии Ўзбекистон номдор аст, шиносои пайдо намуданд.

Рохбари корхона Нигматов Х. моро хамрохи намуда, ќайд намуданд, ки корхонаи мо тибќи технологияхои аврупои фаъолият намуда, ба бехатарии махсулот ва сифати он диќќати чидди дода мешавад.

Баъди шиносои бо кор ва фаъолияти ЧДММ «PROMEAT», сохибкорони мо аз ЧДММ «Zarkent Saxovati», ки  бо коркарди сабзи, карам, пиёз  инчунин хушконидани онхо ва дигар намуди сабзавотхо машгул мебошад, дидан карданд.

Дар охири рўз мо аз ЧДММ «Melek», ки бо коркарди шир ва истехсоли махсулотхои шири машѓул аст, дидан намудем. Мененчери калони корхона Каримбердиев О. дар бораи таъсисёби ва фаъолияту дастовардхои имрўзаи корхонаи мазкур маълумот пешниход намуда, оиди натичахои иктисодии ба дастовардаашон гуфта гузаштанд.

Сипас хайат бо кор ва фаъолият фермаи ширии назди ЧДММ «Melek», ки корхонаи мазкурро бо шири аз чихати экологи  тоза, безарар ва арзон таъмин менамояд, шиносои пайдо намуданд.

Корхонахое, ки сохибкорони мо дидан карданд бо тачхизоту технологияхои пешрафта чахони мўчахаз гардонида шуда, дар худуди вилояти  Тошканд кору фаъолият менамоянд.

Вохӯрию мулокотхо ва чорабинихои баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатхи баланд ташкилу баргузор гардида, хайати намояндагон мо бо таассуроти қаноатманди баргаштанд.

Дар рўзхои сафар намояндагони вилояти Хатлонро, рохбарияти Палатаи минтакавии савдо ва саноати вилояти Тошканди Чумхурии Ўзбекистон хамрохи намуданд.

IMG_2662-05-05-21-02-37.JPG

IMG_2672-05-05-21-02-37.JPG