Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Директор оид ба рушд дар Осиёи Марказӣ (FCDO) Ҳонор Фланаган

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалӣ (Foreign, Commonwealth & Development Office (FCDO) ҳамкорӣ менамояд

9-уми марти соли ҷорӣ дар толори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Директор оид ба рушд дар Осиёи Марказӣ (FCDO) Ҳонор Фланаган баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи фаъолияти созмонҳои худ табодули назар карданд.

Инчунин, дар рафти вохурӣ масъалаҳои оқибатҳои паёмадҳои пандемияи коронавируси (COVID-19) ба рушди соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди савдои электронӣ, рушди иқтидори содиротии кишвар ва ғайра, дида баромада шуданд.

Ҷонибҳо ба ҳамкории минбаъда дар самтҳои афзалиятноки ҳарду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ намуданд.