Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

Рӯзи 6 март, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ба муносибати Рӯзи модар ҳамоиши бошукӯҳи идона ва барномаи зебои ҳунарӣ доир гардид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи бонувонро бо фарорасии ду иди бофайзу пурнакҳату бобаракат — Рӯзи Модар ва Наврӯзи Аҷам шодбош гуфт. Қайд гардид, ки арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳо, шабзиндадорӣ, шинохту қадр ва манзалати модар барои ҳар як фарди худогоҳ қарз ва рисолати бузурги фарзандӣ мебошад.

Сол то сол истиқболи Рӯзи модар дар кишвар бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳу ҷилои тоза касб карда, ин таваҷҷуҳ бори дигар аз мақому манзалати баланди занон дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо истифода аз имкониятҳои дастдошта тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷалби бонувонро дар ҳамаи зинаҳои роҳбарӣ дастгирӣ карда истодааст.

Раиси вилоят бо ҳисси ифтихор аз корнамоию хизматҳои ватандоронаи занону бонувони фаъоли Хатлонзамин, аз ҷумла Низорамоҳ Зарипова, Адолат Раҳмонова, Гавҳарбӣ Пиракова, Саодат Амиршоева, Муҳаббат Азизова, Қимматгул Рустамова, Турсуной Алимардонова, Латофат Шарипова, Қурбонова Руқия Атоевна, Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, Шерзода Ситора Маннон, Маҳмадова Тоҷиннисо Файзалиевна, Хидирзода Махфират Умар, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, раисони собиқу имрӯзаи шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ба монанди Каримова Раъно, Файзова Муҳаббат, Шукурова Малика, Раҳимзода Раъно, Зоирзода Маърифат, Давлатзода Заррина, Қурбонзода Ҳилолбӣ, Шарифзода Лутфия, Сатторова Зебо Мансуровна, Назарова Тутихон, Саодатбибӣ Сироҷева, Аслбӣ Наврӯззода, Умеда Собирзода, Фариза Абдуллозода ва дигарон ёдовар шуда, барои хизматҳои шоёну намунаи ибрати онҳо ба халқу давлат арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Сокинони вилояти овозадори Хатлон бо модарону бонувони шуҳратмандашон, ки соҳибиззату беназир буданд, ифтихор доранд. Ягон соҳае нест, ки бе ҳузури занон муваффақ шуда бошад. Санъаткорони шуҳратёри вилоят Майрам ва Сайрам Исоеваҳо, Муқаддас Набиева, Хайрӣ Назарова, Гулчеҳра Содиқова, Фотима Тӯраева, Идимоҳ Ҳалимова, Сурайё Қосимова, Адолат Комилова, Меҳриннисо Ҳоҷибоева, Хайрӣ Ватанова, Хатича Ализода, Хиромон Қурбонова, Моҳшариф Давлатова, Озодамоҳ Муҳтарамова, Ойимгул Давлатова, Зулфия Юсупова, ансамбли оилавии Давлатоваҳо, дар соҳаҳои адабиёт ва рӯзноманигорӣ Хосият Вализода, Ҳадиса Қурбонова, Маҳтоб Зокирова, Гулҷаҳон Ҳалимова, Шарифамоҳи Кишвардухт, Робияи Холмирзо, Ҳуриннисо Ализода, Наталя Ниязова, Нуриннисо Муртазоева, Туҳфа Аҳмадова, Офоқ Қодириён, Назокат Олимова, Шарофати Дониёр, Муҳаррами Сорбонзод ва дигарон дар рушди маънавиёти кишвар нақши хеле барҷаста доранд.

Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати тавсеа бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа пайваста чораандешӣ менамояд ва мушкилиҳои дар ин самт ҷойдоштаро сари вақт баррасӣ намуда, оид ба ҳалли онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад.

Боиси тазаккур аст, ки 49,7 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил дода, намояндагии шоистаи онҳо дар мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шуда, 1 нафар зан узви Маҷлиси миллӣ ва 6 нафар занон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят, 337 нафар вакили маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар вакили маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

Аз шумораи 196 ҳазору 858 нафар занҳои коргар, 9 ҳазору 833 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ки дар муқоиса бо як соли пеш зиёда се ҳазор нафар бештар ба кори роҳбарӣ ҷалб карда шудаанд. Аз 3002 воҳиди кории хизматчиёни давлатии амалкунанда дар 463 воҳиди корӣ занон кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ айни замон фаъолияти босамар доранд.

Қайд гардид, ки шумораи занон дар соҳаи илм сол то сол меафзояд. Дар вилоят аз 387 нафар олимони дараҷаи илмидор 78 нафарашонро занон ташкил медиҳанд: аз ҷумла 3 нафар зан доктори илм, профессор, 75 нафар номзади илм, аз ин 28 нафар дотсент мебошанд.

Дар самти тиҷорат шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз 17541 нафарро ташкил дода, аз ин 12425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.

Бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳои миллӣ дар соли 2020-ум 30 нафар занону духтарони соҳибкасби вилоят ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ сазовори Гранти Президентӣ шуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода саҳми занонро дар ободии Ватан ва хурраму назаррабо гардидани ҳар як гӯшаву канори диёр назаррас арзёбӣ намуда, афзуд, ки занони вилояти Хатлон тамоми донишу неруи худро баҳри ҳифзи арзишҳои муқаддаси давлатдории миллӣ равона карда, сиёсати Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Пас аз сухани табрикии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода маросими тақдими Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор бонувони фаъол баргузор гардид.

Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки соли 2021 барои тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ соли пурифтихор ва фаромӯшношуданист, зеро мардуми кишвар бузургтарин ҷашн — 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизу маҳбубамон — Тоҷикистонро истиқбол менамоянд. Раиси вилоят изҳори итминон кард, ки занону бонувони бонангу номуси вилоят бо салиқаи баланди зебоипарастӣ ва дарки масъулиятшиносӣ дар тадбирҳои ободонию сабзкорӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф пешоҳанг буда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва завқи бадеӣ дар ин амалҳои хайр камари ҳиммат баста, шурӯъ аз хона, кӯча, маҳалла ва шаҳру ноҳия ҳиссаи назарраси худро мегузоранд.

Барномаи рангини аҳли ҳунари вилоят ба ҳамоиши идона шукӯҳу ҷалол бахшид.