Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

НАМОИШ ВА ФУРӮШИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШР

Рӯзи 11 декабр бо ташаббуси Муассисаи нашрияивии «Адиб», дар маркази вилояти Хатлон дар саҳни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр, аз қабили адабиётҳои муосир ва классик бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта шуд. Дар ин ярмаркаи фурӯши китобшумораи зиёди сокинон аз шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар иштирок намуда, адабиётҳои лозимаи худро харидорӣ намуданд. Дӯстдорони китоб имкон ёфтанд ба ин васила бо баъзе аз муаллифони китобҳо аз наздик ошнойи пайдо намуда, аз онҳо соядаст гирифтанд.

Ба мушоҳида мерасид, ки сафи дӯстдорони китоб имрӯзҳо ба маротиба афзуда, дар чунин ярмаркаи фурӯши китоб иштирок менамоянд. Тибқи иттилои масъулин шумораи китобҳо дар ярмарка беш аз 3 ҳазору 500 нусхаро дар бар мегирад. Ҳамчунин шоирони Хатлонзамин дар ин ярмарка иштирок намуда, роҳандозӣ намудани чунин намоишро муфид ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи сокинон ба китоб ба ин васила бештар шуда, ташкил намудани чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани дониши маънавии аҳли ҷомеъа саҳми ниҳоят бориз дорад.

Муассисаи нашриявии «Адиб» пайваста чунин намоишҳоро дар шаҳру навоҳии мамлакат роҳандозӣ карда, дӯстдорони каломи бадеъро бо ҳам меорад.