Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Вохӯрии директории кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Ҷаноби Имрон Ҳайдар

Тибки нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон рӯзи 25.08.20с. дар бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо директори кулли Палата ва аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон вохӯри доир намуд. Дар вохӯри директори кулли Палата оиди вазъи имрӯзаи ҳамкориҳои ширкату соҳибкоронӣ вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дар оянда мусоидат намуданд, дар рушди ҳамкориҳои тиҷорати ва иктисодии байни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ибрози ақида намуданд.

Сипас, Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорати байни Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Тоҷикистон, хусусан вилояти Хатлон гуфта гузаштанд.

Онҳо пешниҳод намуданд, ки Сафорат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вохӯриҳои соҳибкоронӣ вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон-ро дар хошияи намоишгоҳи молу маҳсулотҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Покистон ташкил намоянд, аммо вазъи имрӯзаи сирояти бемории COVID-19, имкониятҳои моро маҳдуд намудааст.

Бинобар ҳамин мо пешниҳод менамоем, ки вохӯрии соҳибкорони тарафҳоро тариқи онлайн доир намуда, воридоти молу маҳсулотҳои истеҳсоли Покистонро ба Точикистон ва тариқи содирот аз Тоҷикистон, воридоти молҳои истеҳсоли Тоҷикистонро ба Покистон афзоиш диҳем.

Дар вохӯрии Консули Сафорати Покистон дар шаҳри Душанбе Муҳаммад Афзал, котиби тиҷоратии Сафорат Рашид Имтихоз, мудири бахши робита бо кишварҳои хоричи Вализода Қ., сардори бахши агентии содироти мақомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоят Асомуддинзода Ш. ва рохбари Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон Ализода З. иштирок ва баромад намуданд.

Инчунин дар вохӯрии мазкур аъзоёни Палата Мӯминов Х. –сардори шӯъбаи бахисобгирии ЧСП ШХ «И.Сомони», Раҳматов Ш. роҳбари ҶДММ «Сомон Фарм», роҳбари ЧСШК «Хӯрокворӣ»-и шаҳри Бохтар – Саъдуллоев Р. ва дигарон иштирок намуда, дархосту пешниҳодҳои худро оиди рушди ҳамкориҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ба муҳтарам Сафир ва ҳамроёнашон пешкаш намуданд.

DSCN7300.JPGDSCN7300.JPGDSCN7256.JPG