Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Боздиди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳолати истифодабарии самарабахши замини наздиҳавлигӣ ва шароити зисти сокини дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Миров Пӯлод.

Пӯлод Мирови 78-сола, ки маълумоти олии иқтисодӣ дорад, алъон нафақагир асту дар замини наздиҳавлигиаш деҳқонӣ мекунад.

Замини наздиҳавлигии ин марди деҳқон 0,15 га буда, ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда мешавад.

Тавре ки Пӯлод Миров ба раиси вилоят иттилоъ дод, дар ин қитъа баъд аз ҷамъоварии ҳосили якум кишти такрории зироатҳо, аз ҷумла маккаи дон, лӯбиё, мош, картошка ва дигар намуди сабзавот барои аҳли оила парвариш мекунад, ки феълан нашъунамои хуб доранд.

Дар хонаводаи Миров Пӯлод аз ҳосили маҳсулоти замини наздиҳавлигиаш ҳамасола барои оила зиёда аз 300 дона банка хӯришҳои гуногун ва мураббо захира менамоянд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд карданд, ки ҳар як оилаи деҳотӣ бояд аз замини наздиҳавлигӣ оқилонаю пурсамар истифода барад ва дар таъмини амнияти ғизоӣ саҳм гузорад.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  аз як чанд иншоотҳои ҷашнӣ аз ҷумла бинои ба анҷомрасидаи маркази хизматрасонӣ, ки айни замон дар ошиёнаи якуми бино дорухона, сартарошхона ба фаъолият оғоз намуда, ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонии бинои маркази хизматрасонии “Шоми Ҷомӣ”, ки  ошиёнаи якуми он ба  анҷом расида дар дигар ошёнаҳо рангубор идома дошта, дидан намуд. Раиси вилоят ба соҳибкорон таъкид намуд, ки ҳарчи бештар иншоотҳои мазкурро бо сифати баланд ба анҷом расонанд то  ба мардум солҳои зиёд хизмат намоянд. Ҳамзамон Қурбон Ҳакимзода аз намоиши техникаи кишоварзии ҳозиразамон,  аз қабили алафдаравак, мошинаи майда намудани ғалладонагиҳо, заҳрпошак, пиёзканак, алафҷамкунак, тойбанд, тухмипошак ва ғайраҳо,  ки дар маркази хизматрасонии “Тоҷикагролизинг” ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, иброз намуд, ки таҷҳизотҳои нави замонавиро дар корҳои хоҷагии халқи ноҳия мақсаднок истифода бурда то кори деҳқононро осонтар гардонанд.