Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ СИРОЯТИИ ДАНҒАРА

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи, 27 июн, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи касалиҳои сироятии ноҳияи Данғара дидан намуд.

Зикр гардид, ки сохтмони бинои беморхона соли 2016 оғоз гардида, масъулияти пешбурди умури сохтмониро дар иншооти мазкур ҶДММ “Хизматрасон” ба уҳда дорад.

Бинои мазкур барои 200 кат пешбинӣ шуда, аз 5 ошёна иборат аст. Барои вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншоот шароити мусоид фароҳам оварда шуда, масолеҳи сохтмонӣ басанда мебошад.

Тибқи нақша, сохтмони беморхонаи сироятии Данғара соли 2021 ба анҷом мерасад. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо масъулони сохтмон ба аҳамияти зиёди бунёди беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бо дарназардошти хуруҷи бемории сирояти нави коронавирус таъкид намуда, ҷиҳати пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани он дастур дод.

Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли ҷорӣ ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода буданд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон