Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

БОЗДИДИ САРВАЗИР АЗ НОҲИЯИ ВАХШ

Боздид аз як қатор иншооти бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда ва вазъи кишту кори баҳорӣ дар ноҳияи Вахш дар идомаи барномаи сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода қарор дошт.

Сарвазир ва раиси вилояти Хатлон имрӯз аз дарвозаи марказии ноҳияи Вахш, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бунёд гардида истодааст, дидан намуданд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии ноҳия, пудрачии он соҳибкор Ҳусейн Ашӯров мебошад.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, маблағи лоиҳавии он 1,3 миллион сомониро ташкил намуда, аз ҳисоби ин маблағ чароғонкунӣ ва таъмири 2 пули мошингарди шоҳроҳи ноҳияи Вахш аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.

Пасон, Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз хоҷагии гулпарварии Сайпочо Ҷононова дидан намуданд. Хоҷагии мазкур дар масоҳаи 0,3 гектар ташкил карда шуда, дорои 7 гармхона мебошад. Дар як гармхона кишти қулфинай, дар 6 адади дигараш гулпарварон зиёда аз 20 намуд гулҳои мавсимӣ ва хонагӣ ба миқдори 200 ҳазор адад парвариш намуда истодаанд. Айни ҳол бунёди боз 2 гармхонаи дигар идома дорад.

Сифати баланди маҳсулоти хоҷагиро аз меҳнати пайвастаи бонуи меҳнатдӯст С. Ҷононова ва дастёронаш маънидод гардид. Сарвазири мамлакат нашъунамои гулҳоро дар хоҷагии гулпарварии мазкур мувофиқи матлаб донист.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш Сарвазир ва раиси вилоят бо ҷараёни азнавсозии маркази савдои “Баҳор” шинос гардиданд. Иншооти мазкур низ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Муҳибулло Ҳабибов бо сарфи як миллион сомонӣ азнавсозӣ мегардад. Интизор меравад, ки пас аз ифтитоҳ дар маркази савдои “Баҳор” барои 30-35 нафар шаҳрвандон ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти сохтмони майдони Парчам дар маркази шаҳраки Вахш дидан намуданд. Ин иншоот бо усули муосири меъморӣ бунёд гардида, пудрачии он соҳибкор Ҳусейн Ашӯров аст.

Қоҳир Расулзода ба масъулон дастур дод, ки дар баробари анҷом додани сохтмони Парчам дар гирду атрофи ин муқаддасоти миллӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, атрофи иншоот чароғон ва ободу зебо карда шавад.

Қайд гардид, ки бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасоти миллӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сурат гирифта истодааст.

Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ки аз ду ошёна ва 6 ҳуҷраи корӣ иборат хоҳад буд, инчунин бунёди беморхонаи клиникии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” шинос гардиданд. Беморхонаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ибтикори соҳибкор Р. Юсупов бунёд гардида истодааст.

Қоҳир Расулзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, зикр намуд, ки ҳоло дар тамоми қаламрави мамлакат ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлол корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат доранд. Ин раванд ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳру деҳоти кишвар ва албатта, боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.