Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Ассотсиатсияи Сохибкорони Хатлон созишномаи хамкори ба имзо расонида шуд.

4_3.jpg

5-уми декабр иштироки аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон аз вилоятро бо махсулотхояшон дар чамъомад бахшида ба маросими кушодашавии Ассотсиатсияи Сохибкорони Хатлон, ки дар толори тарабхонаи «Малика»-и шахри Бохтар баргузор гардид таъмин намудем. Дар чорабинии мазкур сохибкорон ва аъзоёни Палата, рохбарони ширкатхо ЧСШК «Шир»-и Бохтар Мирзоев С., хочагихои дехќонии «Ансори» Тоиров А., «Дехќони Асил» Муслимов С., «Назриён» ва «Рахим» аз нохияи Чайхун, ЧДММ «Хазориспанд»-и нохияи Ш.Шохин Олимов Т., сохибкор асалпарвар Ќосимов И., аз шахри Бохтар, ЧДММ «Насими Кухсор»-и нохияи Вахш Сафаров Ч., сохибкор Саидахмадова Б. аз нохияи Кушониён ва дигарон чамъ 20 нафар иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии мазкур муовини Раиси вилояти Хатлон мухтарам Рачабов Р.С., рохбари лоихаи USAID «Оид ба бехтар намудани раќобатпазирии Агробизнес дар Точикистон» Френк Обрейн, рохбарони Раёсатхо ва идорахои сохаи иќтисоди вилоят, мехмонон аз Ќазоќистон, Узбекистон, шахри Душанбе, вилояти Суѓд ва нохияхои тобеъи марказ иштирок доштанд.

Дар доираи чорабини Сертификатхои иштирокчии фаъоли Намоишгохи Байналмилалии «Точикистон–2019Тирамох» ба рохбарони ширкату сохибкорони вилояти Хатлон, ки аз чониби Раиси Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон мўхтарам Чумъахонзода Чамшед Чурахон пешниход шуда буд, супорида шуд.

Бо маќсади хамкорихои судманд ва мусоидат дар рушди иќтисодиёти вилоят, байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Ассотсиатсияи Сохибкорони Хатлон созишномаи хамкори ба имзо расонида шуда, инчунин ба рохбари Ассотсиатсия Ализода Зафар Шаходатномаи ќабул шудан ба аъзогии Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон дар назди хозирин, супорида шуд.

1_21.jpg

3_2.jpg