Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Санаи 13 октябри соли 2019, дар шаҳри Бохтар Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, фестивали таомҳои миллӣ ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” баргузор гардид.

Санаи 13 октябри соли 2019, дар шаҳри Бохтар Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, фестивали таомҳои миллӣ ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд.

Нахуст, раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоиши техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, ки Сарраёсати кишоварзӣ, Бозрасии назорати давлатии техникаҳои кишоварзӣ, филиали корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” дар вилоят ва марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои вилоят омода сохта буданд, дидан намуданд.

Пасон, Қурбон Ҳакимзода аз намоишгоҳи маҳсулоти дастранҷи кишоварзон, растаи намунаҳои мухталифи таомҳои миллӣ, ки дар доираи фестивали “Таомҳои миллӣ” ороста шуда буд, инчунин намоиши маҳсулоти нонии бонувон, ки ба даври вилоятии озмуни “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” пешниҳод гардида буд, гузар кард.

Дар ин намоишгоҳ кишоварзон ва бонувони ҳунарманди шаҳру навоҳии Бохтар, Кӯшониён, Левакант, Норак, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Хуровон, Ёвон, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ маҳсулоти худро ба маъраз гузошта буданд.

Таъкид шуд, ки танҳо дар растаи “Таомҳои миллӣ” кадбонуҳо беш аз 60 намуди ғизоҳои лазизу хушнамуди миллӣ, хоса таомҳоеро, ки бештар дар Хатлонзамин таҳия карда мешаванд, муаррифӣ намуданд.

Қисмати тантанавии чорабинии имрӯза бо сухани табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ ёфт.

Зикр гардид, ки иди касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ ва «Меҳргон», ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ умри дубора пайдо намудааст, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009, таҳти №538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад.

- Меҳргон ҳамчун иди миллии кишварамон шинохта шуда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши меҳр, рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат ва ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд, - қайд намуд раиси вилоят. - Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Дар ин рӯзи бошукӯҳ Қарбон Ҳакимзозда натиҷаҳои беҳтарини фаъолияти кормандони соҳаи комплекси агросаноатӣ, олимон ва деҳқонони вилоятро аз Меҳргон то Меҳргон бо рақаму далелҳо қайд намуд.

Қайд шуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии минтақаи Бохтарро ба 6 миллиарду 590 миллион сомонӣ расид, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 569,6  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соҳаи пахтакорӣ низ дар баробари дигар соҳаҳо афзалиятнок буда, рушди босуботи он дар пешрафти соҳаи саноат саҳми асосиро мебозад.

1_8.jpg

Соли ҷорӣ дар минтақаи Бохтар дар майдони 92457 гектар кишти пахта гузаронида шуда, то ин давра 155,5 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардид, ки иҷроиши дурнаморо 74,2 фоиз таъмин намуд. Нишондиҳандаи мазкур нисбати ҳамин давраи соли гузашта 60,5 ҳазор тонна зиёд буда, то ин давра ба корхонаҳои коркард 130,3 ҳазор тонна пахта супорида шуд.

Раиси вилоят кори хуби кишоварзони ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Бохтар, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷалолиддини Балхиро дар истеҳсоли сабзавоту полезӣ боиси таҳсину офарин хонд.

- Боиси сарфарозист, ки дар рӯзи таҷлили иди Меҳргон мо даври вилоятии фестивали “Таомҳои миллӣ” ва озмуни нон ва маҳсулотҳои нониро таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” доир менамоем, - идомад дод Қурбон Ҳакимзода. - Ин чорабиниҳо бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” дирӯз дар шаҳри Кӯлоб ва имрӯз дар шаҳри Бохтар бо иштироки кадбонуҳои нонпаз ва донандагони таомҳои миллӣ баргузор гардиданд. Дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу русум ва дигар арзишҳои миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намуд.

Имрӯз бо ифтихор метавонем қайд намоем, ки дар натиҷаи талошҳои фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҷашни «Наврӯз» мақоми байналмилалӣ касб намуда, мусиқии «Шашмақом» ва таоми анъанавии «Оши палав»-и мо ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ин иқдом баҳри шинохти беҳтари миллати соҳибтамаддуни тоҷик имкон фароҳам овард.

Бо таваҷҷуҳ ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар самти рушди ҳунармандӣ дар вилоят мунтазам фестивалу озмунҳо, намоишҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ сурат мегиранд, ки баҳри рушд ва ҳифзу густариши мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик мусоидат мекунанд.

Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Форуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон, озмунҳои вилоятӣ таҳти унвони “Нонпази беҳтарин”, “Бонуи ҳунарманд”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Суфраи кадбону”, “Рӯзгордорӣ” ва ғайраҳо доир карда шуданд.

Ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои бонувон ва мусоидат ба рушди ҳунармандии занон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 21 гранти раиси вилоят таъсис дода шудааст. Аксари лоиҳаҳои пешниҳодшуда мақсади рушди ҳунармандиро доранд. Тайи солҳои 2016-2019 84 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки баҳри тақвияти ҳунармандӣ таъсири мусбат расониданд.

 - Бузурге фармудааст: “гӯётарин узви инсон даст мебошад, ки тавассути он ақл, идрок, андеша, ҷаҳонбинӣ, тасаввурот ва накӯтарин хислатҳояш ба воситаи ҳунар рӯйи кор меоянд”, - зикр намуд Қурбон Ҳакимзода. - Маҳз дастони муъҷизаофари ҳунармандон дунёи моро рангин, зиндагии моро тароват, ҳастии моро маънӣ бахшида, камоли инсонии моро замина мегузоранд. Таманно мекунем, ки дастони зебоиофари ҳунармандон доимо бо маҳсули офаридаҳои худ тараннумгари нишоти зиндагӣ, шукуфоии кишвари биҳиштӣ, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию инсондӯстӣ бошанд.

Дар доираи омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Меҳргон комиссияи тадорукот барои беш аз 40 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро омода намуд, ки дар вазъи тантанавӣ аз ҷониби раиси вилоят ба онҳо супурда шуд.

Барои ишғоли ҷойи якум дар фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон Дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти моддӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, Дипломи дараҷаи 2 ва мукофот ба ноҳияи Ҷайҳун, дипломи дараҷаи 3 бо мукофоташ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тақдим гардид.

Инчунин, ба ғолибони даври вилоятии фестивали “Таомҳои миллӣ” ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" - шаҳри Бохтар Дипломи дараҷаи 1, ба ноҳияи Кӯшониён Дипломи дараҷаи 2, ба ноҳияи Қубодиён Дипломи дараҷаи 3 дода шуд. Намояндагони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Левакант, Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Норак бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи пурмуҳтавои ҳунарии аҳли санъати вилоят таҷлили Иди Меҳргонро шукӯҳу азамат бахшида, хотири тамошогаронро болида сохт.