Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Субҳи имрӯз, 9 октябр, сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ёвон оғоз гардид.

1_6.jpg

Роҳбари вилоят нахуст аз рафти корҳои сохтмонӣ дар фермаи сохташудаистодаи чорводории гӯштии хоҷагии ёрирасони ҶДММ “Мармарӣ”, воқеъ дар деҳаи Даштободи Ҷамоати деҳоти “Обшорон” шинос гардид.

Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки фермаи чорвои калони гӯштӣ барои нигоҳдории 3000 сар чорво пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур ба маблағи 8,5 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ҶДММ “Мармарӣ” сохта шуда истодааст. Фармоишгар ва пудратчии иншооти мазкур ҶДММ “Мармарӣ” мебошад.

Ҷамъияти мазкур барои пешбурди кори соҳа бо 750 гектар замин таъмин гардидааст.

Зикр гардид, ки дар ҳолати пурра ба фаъолият шурӯъ намудани ин ҷамъият 600-700 ҷойи корӣ муҳайё гардида, аз ин ҳисоб 20 нафар дар фермаи чорводории гӯштӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

Масоҳати умумии сохтмони ферма 16 гектарро ташкил дода, дар навбати аввал моҳи марти соли 2020 бинои нигоҳдории чорво барои нигоҳдории 1000 сар бунёд мегардад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расидани сохтмони ферма дастуру тавсияҳо дод.

2_6.jpg

Дар идомаи сафар раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ дар кӯчаи ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвон боздид кард.

Бинои маъмурии дуошёнаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо маблағгузории аъзоён ва саҳми ҷонибдорони ҳизб сохта шуда истодааст. Маблағи умумии иншоот 380 ҳазор сомониро ташкил дода, то ин ҷониб ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст.

Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки бинои мазкур аз 5 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, то ҷашни 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ бояд пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Боздиди кории Қурбон Ҳакимзода аз ноҳияи Ёвон айни ҳол идома дорад.