Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ИНШООТҲОИ СОХТАШАВАНДА ДАР НОҲИЯХОИ БАЛҶУВОН,ХОВАЛИНГ ВА АЗ ШАҲРИ КӮЛОБ

images.jpg

Рӯзи 23 июли соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ноҳияи Балҷувон ташриф оварданд. Истиқболи меҳмонон дар даромадгоҳи ноҳия бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва дигар шахсони расмӣ доир гардид.Сипас, меҳмонон ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, бунёдкорӣ, ободонию созандагӣ ба маркази ноҳия ташриф оварданд.Нахуст, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо раиси вилоят ва дигар шахсони мутассадӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия, коргоҳи дӯзандагӣ, бинои дуошёнаи боғчаи кӯдакона барои 200 нафар кӯдак, сохтмони бинои тарабхона ва толори варзишӣ дар маркази ноҳия дидан намуданд. Аснои шиносоӣ Қоҳир Расулзода бо сохтмончиён мулоқот намуда, ба масулин ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастурҳо доданд.Сипас, меҳмонон ба деҳаи Сари мазори деҳоти ба номи Сафар Амиршоев ташриф бурда аз рафти корҳои сохтмонии бозори марказии ноҳия боздид ба амал оварданд. Инчуни дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистон аз корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ “Элегант” ва рафти корҳои сохтмонии хати оби нӯшокии дидан намуданд.Баъдан меҳмонон аз сохтмони майдончаи варзишӣ,  маркази савдо,  корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Шаидони деҳоти Сари Хосор, меҳмонхона дар деҳаи Пештова, парваришгоҳи зироатҳои кишоварзӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар деҳаи Мулоконӣ, неругоҳи хурди барқи обӣ дар деҳаи Шибдара, меҳмонхона (катеҷҳо) дар мавзеи Аспоғула, меҳмонхона дар мавзеи Пушти Боғ дидан намуда, бо соҳибкорону коргарон суҳбатҳои гарму самимӣ доир намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо сифат сохта ба истифода додани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

ШИНОСОИИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ХОВАЛИНГ

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз рафти корҳои сохтмонии бинои МТМУ №4 барои 340 хонанда дар як баст дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутӣ бунёд гардида истодааст, шинос гардиданд. Сарвазири мамлакат ба фаъолияти сохтмончиён ҷиҳати сифати хуби корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, баҳри сари вақт ва босифат анҷом додани кори сохтмонӣ маслиҳатҳо доданд. Ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоати мазкур низ шиносоӣ пайдо намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки муассисаи мазкур бо иқдоми соҳибкор Асадулло Раҳимов бунёд гардида истодааст. Ба гуфти масъулон бунёди иншооти мазкур имкон медиҳад, ки 10 нафар занони маҳал бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сохтмони бинои Беморхонаи рақамӣ бо суръат идома дорад. Зимни боздид аз сохтмони муассисаи тандурустӣ Сарвазири мамлакат ба пудратчиони иншоот суҳбат ороста ва баҳри бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳо доданд.

Аксарияти иншоотҳои мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳайати гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, бо вазъи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи замин, захираи хӯроки дурушди чорво ва фаъолияти боғдорон шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар ноҳияи Ховалинг тибқи нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ садҳо иншоотҳои ҳаётан муҳими соҳаҳои хоҷагии халқ бунёд мегардад.

Сарвазири мамлакат ва ҳамроҳонаш аз рафти корҳои сохтмонӣ дар осорхонаи ба номи “Восеъ” дар мавзеъи Дараи Мухтори Ҷамоати деҳоти Ҷонбахш дидан намуданд. Дар ин мавзеъ низ бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ва корҳои ободонӣ бо суръат идома дорад.

Корҳои сохтмонии маҷмааи Нишон, Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ҷараён дорад.

Ноҳияи Ховалинг дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ буда, сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Сарвазири кишвар зимни боздид аз мавзеи “Чилчанор”-и ноҳия ба масъулин ҷиҳати боз ҳам зебою ободии ин мавзеъ дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд. Зеро чанорҳои бузургу куҳансоли ин макон таърихи беш аз 800 сола дошта, сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия даҳҳо иншоотҳои хизматрасонӣ қомат афрохта истодааст. Сохтмони бинои Меҳмонхона дар маркази ноҳия низ далели ин гуфтаҳост. Бинои муҳташами зебою замонавии дуошиёна бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Одинаев қомат афрохта диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамояд. Сарвазири кишвар зимни боздид аз ин иншоот ҷиҳати бунёди босифати меҳмонхона ба соҳибкорону сохтмончиён баҳои баланд дод. Ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии бинои беморхонаи Марказии ноҳия дидан намуданд. Сохтмони биноҳои хизматрасонию маишӣ ва фарҳангию варзишӣ дар ноҳия ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Ҳамоми замонавӣ, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, анфитеатр ва ғайра бо сифати баланд анҷом ёфта истодааст. Корҳои ободонию кабудтизоркунӣ дар ин самт бо маром идома дорад. Бунёди иншоотҳои мазкур баҳри рушди деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи боэътимод мегузорад.

 

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ КӮЛОБ ДИДАН НАМУД

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода рӯзи дуюми сафарикорӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд. Гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ шиносои пайдо намуда, ба масъулон барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Зимни сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири кишвар аз фаъолияти хоҷагидорон, ки ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, дидан намуданд. Хоҷагидорони шаҳри Кӯлоб дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи бой дошта, ҳамасола ба бозорҳои дохилию хориҷӣ маҳсулоти тару доза содирот менамоянд. Хоҷагидорон дар гармхонаҳо бо роҳи обмонии қатрагӣ парвариши помидор ва булғориро ба роҳ мондаанд, ки самараи хуб ба бор овардааст. Кишоварзон бо ин роҳ тавонистаанд, ки занони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздид, ба хоҷагидорон дастур доданд, ки барои зиёд намудани шумораи гармхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ тадбирҳои муассир андешанд.

Баъдан гурӯҳи корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии варзишгоҳи шаҳр дидан намуданд. Корҳои бунёдкорӣ дар ин иншоот бо маром идома дорад.

Бахшида ба сиюмин солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёди марказҳои хизматрасонию маишӣ, толорҳои варзишию корхонаҳои истеҳсолӣ ва хонаҳои баланд ошиёна бо маром идома доранд. Саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ин самт назаррас арзёбӣ мегардад. Ҳамин аст, ки дар маркази шаҳр даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ бунёд гардида истодааст.

Гурӯҳи корӣ аз боғи марказии шаҳр, ки солҳои пеш ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ набуд, ҳоло азнавсозӣ гардида истодааст, дидан намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки боғи марказии шаҳр пурра чароғон гашта, дар саҳни он дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст. Дар қисмати дигари боғ барои фароғати наврасону ҷавонон майдончаи варзишӣ бунёд гардида истодааст, ки ин метавонад барои рушди соҳаи варзиш заминаи хуб гузоад.

Сарвазири мамлакат аз ҷараёни корҳои сохтмонии Маркази ҷавонони шаҳр боздид ба амал оварданд. Сохтмони иншооти мазкур 70 фоизаш анҷом ёдааст. Сарвазири кишвар ба масъулон дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд дар наздиктарин вақт ба анҷом расонанд.

Дар маркази шаҳр бо дастгирии соҳибкори ватани ду бинои 9 ошиёна бунёд гардида истодааст, ки ин ба ҳусни шаҳр зебоии дигарро зам менамояд. Сарвазири кишвар ва раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ биноҳои баландошиёна дидан намуданд. Гуфта шуд, ки то ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои баландошиёна ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон дар маркази шаҳр барои рушд намудани соҳаи варзиш майдончаҳои варзишӣ бунёд гардида истодааст.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Коллеҷи санъат, Маркази ҷароҳии дил ва маҷмааи фарҳангию варзишии модару кӯдак дидан намуданд. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои зикршуда хуб рафта истодааст. Утойҳои корӣ бо тамоми лавозимот муҷҷаҳаз гардидааст. Барои фасли зимистон удоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои беморон бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ пурра таъмин гардидаанд.

Сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Кӯлоб аз ҷониби маркази ҳангомасозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушти иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурӣ рафта истодааст. Пудратчии бинои мазкур ҶДММ “Сохтмон-тиҷорат” буда, оғози бунёди бино соли 2015 ва анҷомаш соли 2019 мебошад.

Бахшида ба санаи таърихи сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва дастурҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корҳои бунёдкорию кабудизоркунӣ бо маром идома дорад.

Сипас, рӯзи 25 июли соли 2019 дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Сайёри Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо фаъолони вилояти Хатлон доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур бо натиҷагирӣ аз сафари серӯза дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Сарвазири мамлакат ба масъулин ҷиҳати хуб ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ, иҷро намудани дастуру супоришҳои саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои созандагӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.