Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Пешбурди содагардонии расмиёти савдо ва рақамисозӣ дар бахши агробизнеси Тоҷикистон

    Санаи  15-уми апрел дар шаҳри Бохтар семинар (тренинг)  дар мавзўи   «Пешбурди содагардонии расмиёти савдо ва рақамисозӣ дар бахши агробизнеси Тоҷикистон»  баргузор гардид, ки мақсади семинар омӯзиш ҷиҳати баланд бардоштани дониш, беҳтар намудани фаъолият ва роҳ ёфтан ба бозорҳои хориҷӣ равона шудааст, ки дар чорабинии мазкур мушовири миллии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) Рустам Абдусаломов дар чорчӯбаи лоиҳаи МТБ “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ” иштирок намуданд.         
       Дар семинар (тренинг) намояндаи масъули Палата Набиев Файзулло, роҳбарон ва намояндагони 18 корхонаву ширкатҳо ва соҳибкорони вилоят, ки аъзоёни ПСС ЧТ аз вилояти Хатлон мебошанд ширкат варзиданд, ҳамаи иштирокчиёни тренинг ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон.